Телефон:  
+992 835 2 6775
Email:  
kdf.khmk@mail.ru
Реҷаи корӣ:  

МУАССИСА

Корхона дар натиҷаи аз нав ташкилдиҳии идораи Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ мутобиқи фармони Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” таҳти №64/7 аз 24-уми январи соли 2005-ум таъсис ёфта, вориси ҳуқуқии он мебошад ва дар фаъолияти худ бевосита ба Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммунали”-и Вилояти Мухтори Бадахшони Куҳӣ тобеъ аст.

Мақсадҳои асосии Корхона:

  • Таъмини тозагии санитарии шаҳр;
  • Кашонидани хошокрубаҳо ва паспартовҳо;
  • Баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ;
  • Назорат ва бартараф намудани ҳайвонҳои бесарпаноҳ.

Фаъолияти Корхона
Дар ҳудуди ш. Хоруғ 21 кӯчаю маҳаллаҳо ва 74 нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳо мавҷуд мебошад. Мувофиқи реҷаи кашонидани партовҳо, ҳамарӯза ба миқдори 268.9 метри куби партовҳо тоза намуда безарар гардонида мешаванд.

Ҷамъоварии партовҳо

Ғайр аз фаъолияти доимии Корхона, Шумо метавонед аз хизматрасониҳои Корхона низ инфиродӣ истифода баред.

Нархнома
Барои безараргардонидани партовҳои сахти маишӣ ва партовҳо ба масофаи то 15 км нархномаҳои дастрас гузошта шудааст.

Тозаги гарави саломатист

Баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ тавассути тоза кардани муҳити зист аз партовҳо, мебошад!

Фаъолияти мо 24/7

Фаъолияти Корхона метавонад ҳамарӯза хизматрасониҳои худро расонад, талоши мо саҳми ҳар як шаҳрванд дар тозагию ободонии шаҳрамон аст.

Хизматрасониҳо

Навъҳои хизматрасонӣ

Хизматрасонии нақлиётӣ

Мо дар ҷамъоварии партовҳо, аз хизматрасониҳои мошинҳои муосири Корхона, ки борбардоршон гуногун аст, пешниҳод менамоем!

Ҷамъоварӣ, интиқол ва нест кардани партовҳо

Корхона дар ҳалли мушкилоти ҷомеа марбут ба ҷамъоварӣ, кашонидан ва хориҷ намудани партовҳо сатҳи хизматрасонии муосирро интихоб намудааст!

Хизматрасониҳо барои шахсони воқеӣ

КДФ "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" саъю кушиш менамояд, ки ҳар як муштарӣ шунида шавад ва пешниҳоду дархостҳои онҳо ба инобат гирифта шавад!

Хизматрасонӣ барои хонаҳои шахсӣ

Ташаккули механизми самараноки ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва шаҳрӣ ва ташкилотҳои хусусӣ дар соҳаи партовҳо!

Нархномаи партовҳои сахти маишӣ

Барои кашонидан, безараргардонидани партовҳои сахти маишӣ, хошокрӯбаҳо ва партовҳо ба масофаи то 15 км (воҳиди ченак 1М3)
Нархи хизматрасонӣ
(бе арзиши ААИ)

58,98 сом
Барои муайян намудани нархи 1м3 барориши партовҳои сахт ба воситаи Автомашинаи Газ-53 бо бензин бо қувваи дастӣ барои аҳолӣ.

  • САТҲИ БАЛАНДИ ХИЗМАТРАСОНӢ
  • ҶАЛБИ ЗИЁДИ ВОСИТАҲОИ ТЕХНОЛОГӢ
  • ТАЪМИРИ НУҚТАҲОИ ПАСПАРТОВҲО
Нархи хизматрасонӣ
(бо арзиши ААИ)

69,98 сом
Барои муайян намудани нархи 1м3 барориши партовҳои сахт ба воситаи Автомашинаи Газ-53 бо бензин бо қувваи дастӣ барои аҳолӣ.

  • САТҲИ БАЛАНДИ ХИЗМАТРАСОНӢ
  • ҶАЛБИ ЗИЁДИ ВОСИТАҲОИ ТЕХНОЛОГӢ
  • ТАЪМИРИ НУҚТАҲОИ ПАСПАРТОВҲО
Нархнома барои муассисаҳо ва ширкатҳои шахсӣ
(бо арзиши ААИ)

77,31 сом
Барои муайян намудани нархи 1м3 барориши партовҳои сахт ба воситаи Автомашинаи Газ-53 бо бензин бо қувваи дастӣ барои идораҳо.

  • САТҲИ БАЛАНДИ ХИЗМАТРАСОНӢ
  • ҶАЛБИ ЗИЁДИ ВОСИТАҲОИ ТЕХНОЛОГӢ
  • ТАЪМИРИ НУҚТАҲОИ ПАСПАРТОВҲО
«Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»

ЛОИҲА

КДФ "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и ш. Хоруғ

Барои беҳтар намудани идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Хоруғ, Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммунали”-и шаҳри Хоруғ ба Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд муроҷиат намудааст, ки барои беҳтар намудани вазъияти партовҳои сахти маишӣ ёрӣ расонад. Бинобар ин, тибқи дархост, маблағи умумии сармоягузорӣ тақрибан 4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ҷумла қарз то 2 миллион доллари ИМА аз Бонк ва грант барои хароҷоти асосӣ аз Швейтсария то 2 миллион доллари ИМА ба назар гирифта шудааст.

Созишномаи мазкур бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон баста мешавад. Бонк дар идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон, аз қабили Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода таҷрибаи бомуваффақият дорад. Лоиҳаи дар ш. Хоруғ таҷрибаи дар ин лоиҳаҳо ҳосилшударо истифода намуда, тавассути сармоягузорӣ ва дастгирии азнавташкилдиҳӣ барои беҳтар намудани хизматрасонӣ оид ба идоракунии партовхои сахт мусоидат хоҳад кард.
ИН СОЗИШНОМА БА ДУ БАХШ ТАҚСИМ МЕШАВАД:
1. Дастгири дар татбиқи қисми техникӣ, тарроҳиву муҳандисӣ ва машваратии лоиҳа;
2. Баланд бардоштани сатҳи идоракунии партовҳои сахти маиши - рушди корпоративӣ, дастгири ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба ҷараёни иҷроиши лоиҳа, ҳамзамон, мусоидат ба Мақомоти маҳаллӣ мебошад.
  • Тозагии маҳаллаҳо ва минтақаҳои шаҳр аз зубола ва партобҳо;
  • Беҳтар намудани сатҳи ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳо ва маҳаллаҳои шаҳр;
  • Кам намудани бемориҳои сироятӣ ва беҳтар намудани сатҳи саломатии аҳоли;
  • Баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳоли..
Доир ба ҳадаф ва дастовардҳои лоиҳа барномаи махсус таҳия мегардад, ки аз натиҷаи он тавассути ВАО, аз ҷумла радио, телевизион ва таҳияи маводҳои чопӣ пешниҳод мегардад. Лоиҳаи мазкур барои рушду ободонии шаҳри Хоруғ, барои ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ равона гардидааст.

АКСҲО

НАВОРҲО

тамос бо мо

Тибқи талаботи сомонаи КДФ "Хоҷагии манзилию коммунали"-и ш. Хоруғ, саволу дархостҳои худро пешниҳод намоед, мо дар зудтарин мудат ҷавоб медиҳем!
CRM-форма появится здесь